баргард чоп кардан

Раиси ҲНИТ бо муовини вазири корҳои хориҷаи Амрико мулоқот мекунад

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба Амрико сафар кардааст.

Бино ба иттилои масъулини ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ дар ин дидор бо Роберт Блейк, муовини вазири умури хориҷаи ИМА мулоқот хоҳад кард. Аммо дар мавриди мавзӯъҳои мавриди баррасии ин мулоқот чизе гуфта намешавад. Райиси ҲНИТ бо даъвати Маркази донишгоҳи Вашингтон ба Амрико сафар кардааст. Гуфта мешавад, фардо, 16-уми октябр Муҳиддин Кабирӣ дар ҳузури донишҷӯёни донишгоҳи мазкур суханронӣ мекунад.