баргард чоп кардан

Арзиши зангҳо ба Русия боло рафт

Аз 1-уми ноябри соли ҷорӣ ҳама операторони алоқаи мобилӣ нархи зангҳои байнидавлатӣ бо Русияро боло мебаранд.

Операторон мегӯянд, чунин иқдом барои иҷрои қарори Хадамоти зиддимонополии назди ҳукумати кишвар аз 27-уми сентябри соли 2012 гирифта шудааст.

Акнун як дақиқаи сӯҳбат бо муштариёни дилхоҳ оператори алокаи Русия аз 10 сент кам нахоҳад буд. Бар илова ба ин нарх андоз аз нархи иловашуда ва аксиз дохил намешаванд. Ширкатҳо қайд мекунанд, ки нархҳо барои ҳама форматҳои рақамчинӣ боло бурда мешаванд.

Аз «Мегафон Тоҷикистон» ба Озодагон хабар доданд, аз якуми ноябр нархи алоқа бо операторони Русия, аз ҷумла бо Мегафон 10 сент барои як дақиқа хоҳад буд. Дар ширкатҳои Tcell ва «Вавилон-мобайл» низ чунин тағйиротро тасдиқ карданд.