баргард чоп кардан

Душанберо заминларзаи ду балӣ такон дод

Субҳи имрӯз дар дар қаламрави ҷумҳурӣ заминларза ба қайд гирифта шуд.

Ба хабаргузории Озодагон аз Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ иттилоъ доданд, ки заминҷунбӣ соати 04:43 ба вақти маҳалӣ ба вуқӯъ пайвастааст. «Маркази зилзила 297  километрии ҷанубу-шарқ аз шаҳри Душанбе, сарҳади ҷумҳурии Исломии Афғонистон буда, қувваи он дар марказ 3-4 бал, дар шаҳри Душанбе 2 балро ташкил дод. Бар асари заминларза хисорот ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст»,-афзуд манбаъ.