Масоили вобаста ба ҳамкории сеҷонибаи Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон дар мулоқоти якҷояи сарони се давлат – Эмомалӣ Раҳмон, Ҳомид Карзай ва Маҳмуди Аҳмадинажод баррасӣ шуд.
Тавре аз Дастгоҳи президенти Тоҷикистон иттилоъ доданд, сарони се давлати дӯсту ҳамфарҳанг доир ба ҳамгироии судманд миёни кишварҳои худ, аз ҷумла дар чаҳорчӯби робитаҳои сеҷониба ва ҳам дар доираи созмонҳои гуногуни минтақавию ҷаҳонӣ, хусусан Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Муколамаи Осиё оид ба ҳамкорӣ, гуфтугӯи судманд анҷом доданд.
Дар ин мулоқот бо ёдоварӣ аз лоиҳаҳои сершумори муштарак доир ба рушди инфрасохтори минтақавии нақлиётию энергетикӣ, бунёди роҳҳои оҳану мошингард, нерӯгоҳҳои барқӣ, хатҳои интиқоли нерӯи барқ, нафту газ ва обрасонӣ сарони се давлат ҳавасмандии устувори худро ба татбиқи амалии онҳо таъкид намуданд.