баргард чоп кардан

ҲХДТ бо сохтмончиёни нақби «Шаҳристон» вохӯрӣ гузаронд

Кормандони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар якҷоягӣ бо фаъолони ин ҳизб ба нақби «Шаҳристон» ташриф оварда, бо сохтмончиён ва нақбканон вохӯрӣ доир намуданд.

Аз кумитаи иҷроияи ҲХДТ ба Озодагон иттилоъ доданд, ки зимни сӯҳбат бо мутахассисон ва кӯҳканон маълум гардид, ки таваҷҷӯҳи асосӣ бештар ба сифати кор равона карда шуда, нақби «Шаҳристон» бояд ҳам аз ҷиҳати роҳсозӣ, равшанӣ ва дигар шароитхо ба меъёрҳои умумиҷаҳонӣ ҷавобгӯ бошад.

Гуфта мешавад нақби «Шаҳристон» дуввумин нақб дар шоҳроҳи Душанбе-Айнӣ-Истаравшан-Хуҷанд-Бӯстон ба хисоб меравад ва бунёди он орзуи чандинсолаи мардуми тоҷик мебошад, ки акнун ба туфайли тадбиқ нумудани ҳадафҳои созандагии сарвари давлат ва ҳукумати Тоҷикистон ҷомаи амал мепӯшад.

Дарозии иншоот беш аз 5 200 метр мебошад. Нақби мазкур тӯли 6 сол ба туфайли ҷасорату мардонагӣ ва кордонии наздики 700 нафар мутахассисон ва коргарони тоҷику хитоӣ кофта шудааст.