Сюзан Эллиот: Чанд ширкати амрикоӣ фаъолияти худро дар Тоҷикистон оғоз хоҳанд кард
Сюзан Эллиот, сафири нави ИМА дар Тоҷикистон зимни як мулоқот бо хабарнигорон изҳор дошт, ки давоми фаъолияти худ дар Тоҷикистон барои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ талош хоҳад кард.
Сафир таъкид кард, ки барои бо ин мақсад чанд ширкати амрикоӣ дар Тоҷикистон фаъолияти худро оғоз хоҳанд кард.
Сюзан Эллиот ҳамчунин изҳор дошт, ки таъмини ҳуқуқи башар, озодии виҷдон, матбуот ва густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ, низомӣ, сиёсӣ аз самтҳои аслии сиёсати Амрико дар Тоҷикистон мебошанд.