Муҳоҷирони меҳнатӣ акнун уҳдадор мешаванд, ки забони русиро донанд
Парлумони Русия лоиҳаи қонун «Дар бораи донистани ҳатмии забони русӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ»- ро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.
Бино ба навиштаи матбуоти Русия Сергей Наришкин, раиси парлумони Русия гуфтааст, қонуни мазкур муҳоҷирони меҳнатиро уҳдадор мекунад зимни гирифтани иҷозатномаи кор асноди тасдиқкунандаро дар мавриди донистани забони русӣ пешниҳод намоянд.
Дар назар аст, ки лоиҳаи ин қонун аз 1-уми декабри соли равон мавриди амал қарор бигирад.