баргард чоп кардан

Дар шимоли кишвар беш аз 8 кило маводи мухаддир мусодира гардид

Тавре ба Озодагон аз ВКД хабар доданд, дар пайи як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар истгоҳи роҳи оҳани вилояти Суғд миқдори зиёди маводи мухаддир забт ва мусодира шуд.

Ба иттилои манбаъ бо иттиҳоми ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор Сафармаҳмад Ғоибназарови 27 сола, сокини ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ боздошт шудааст: «Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз дохили борхалтаи ӯ ба миқдори 8 килою 607 грамм «афюн» мусодира шуд».
Феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.