баргард чоп кардан

Дар Туркманистон ду ҳазор зиндонӣ авф мешавад

Қурбангули Бердимуҳамедов, президенти Туркманистон бахшида ба 21-умин солгарди истиқлолияти кишвараш зери фармон «Дар бораи авф» имзо гузошт.

Тавре расонаҳои хабарӣ менависанд, тибқи ин фармон 2000 зиндонӣ авф хоҳад шуд.

Сафармурод Ниёзов, райисҷумҳури собиқи Туркманистон фармони авфро дар як сол як маротиба - дар арафаи Иди Рамазон содир мекард. Аммо Бердимуҳамедов дар 12 моҳ бахшида ба ҷашнҳои давлатӣ чандин маротиба маҳбусонро авф кард.

Маврид ба зикр аст, Туркманистон 27-уми октябр аз ҷашни истиқлолияти худ таҷлил мекунад.