баргард чоп кардан

Тоҷикистон: Дар нуҳ моҳ 36 ҳазор мошини сабукрав ворид гардидааст

Воридоти мошин ба Тоҷикистон нисбат ба соли қабл ба маротиб зиёд шуда, ба ҳисоби масъулини гумрук танҳо дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба кишвар ҳудуди 36 ҳазор мошини сабукрав ворид гардидаст.

Тавре ба Озодагон аз Хадамоти гумрук хабар доданд, дар Тоҷикистон аз аввали соли ҷорӣ то имрӯз ба маблағи 140, 6 миллион доллар мошинҳои сабукраву боркаш ворид шудааст: «Аз Литва 27 ҳазор мошин (бо маблағи 80 миллион доллар), Латвия 2 300 (6 миллион доллар), Аморати Мутаҳидаи Араб 2000 (25 миллиону 500 ҳазор доллар), Корея 3000 (13 миллион) ва аз Русия 350 (2 миллиону 800 ҳазор доллар) мошини сабукрав ворид гардидааст».

Манбаъ афзуд, асосан мошинҳои воридотӣ аз кишварҳои назди Балтика ва Аврупо хариду фурӯш шуда, нархашон аз ҳолат, тамға, масофаи гашт, соли барориш, ҳаҷми сарфи сӯзишворӣ, қуввати муҳаррик ва ғайра вобаста  мебошад.

Ба  ҳисоби масъулини гумрук танҳо дар 12 моҳи соли гузашта (2011) ба кишвар ҳудуди 39 ҳазору 900 мошини сабукрав ворид гардид, ки маблағи умумии онҳо 130 миллион долларро ташкил медод.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, нархи мошин дар Тоҷикистон яке аз арзонтаринҳо дар минтақа буда ба кишвар асосан мошинҳои арзишашон аз 2,5 то 3 ҳазор доллар ва аз он болотар ворид мегардад.