баргард чоп кардан

Э.Раҳмон: Шумораи коргаронро ба 200 нафар расонед

Дар шаҳраки Консойи шимоли кишвар як корхонаи хурди заргарӣ бо номи «Зари Тоҷик» ифтитоҳ ёфт.

Тавре аз Хадамоти матбуотии президенти кишват иттилоъ доданд, ин корхона бо саҳмгузорӣ ва дастгирии ширкати муштараки «Апрелевка» аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд ёфта, дар он беш аз 40 нафар заргарон, асосан занону духтарон ба кор ҷалб шудаанд. Маоши онҳо вобаста ба сатҳи касбият, сифат ва ҳаҷми корашон аз 500 то 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Президент  Эмомалӣ Раҳмон, бо назардошти фаровонии ашёи хом, яъне тиллою нуқра ва металҳою сангҳои қиматбаҳо дар Тоҷикистон ва ҳам талаботи зиёд дар бозори дохилу хориҷи кишвар ба ороишоту ҷавоҳирот, ба роҳбарияти корхона дастур дод, ки заминаи истеҳсоли маҳсулоти заргариро зиёд намуда, дар давоми 8 моҳи оянда шумораи коргаронро ба 200 нафар расонанд.

Дар паҳлӯи корхонаи «Зари тоҷик», ҳамчунин як коргоҳи дӯзандагӣ ифтитоҳ ёфт, ки дар он 30 дӯзандаи маҳаллӣ соҳиби кори доимӣ шудаанд.

Гуфтанист, дар ин ҷо дӯхти либосҳои гуногуни корӣ, низомӣ, хилъатҳои кормандони соҳаи тиб ва озмоишгоҳҳои илмию амалӣ, болопӯши ҷойхоб ва ғайра ба роҳ монда шудааст. Роҳбарияти коргоҳ азм доранд, ки дӯхти либоси мактаббачагонро низ ба роҳ монда, ин бозори сердаромадро ба даст дароранд.
Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти корхона дастур дод, ки маоши коргаронро аз 1 ноябри соли равон 20% зиёд намоянд.