баргард чоп кардан

Баргузории мусобиқаи гӯштини юнонӣ-румӣ дар ҷануби кишвар

Аз 31-уми октябр то 1-уми ноябри соли равон дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини юнонӣ-румӣ миёни наврасони соли таваллуди 1995-1997 доир мегардад.

Дар ин бора ба Озодагон аз Кумитаи чавонон варзиш ва сайёхӣ иттилоъ доданд.Бино ба иттилои манбаъ, дар чорабинӣ, ки аз рӯйи вазнҳои 42кг, 46кг, 50кг, 54кг, 58кг, 63кг, 69кг, 76кг, 85кг ва 100 кг сурат мегирад, ширкати ҳайати дастаҳои вилояти Суғд (2 ҳайат), Хатлон (2 тим), шаҳри Душанбе (2 ҳайат) ва шаҳри Кӯлоб дар назар аст.

Ғолибону ҷоизадороне, ки дар вазнҳои алоҳида ҷойҳои 1, 2, 3-ро ишғол менамоянд бо диплому медали Кумита ва тӯҳфаҳои хотиравии бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии минтақаи Кӯлоб қадрдонӣ мешаванд.