баргард чоп кардан

Ситораҳои эстрадаи тоҷик дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе

«Парвози баланд», таҳти чунин унвон дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе як қатор ситораҳои эстрадаи тоҷик шоу барномаеро рӯи навор оварданд.

Маҳмадюсуф Шодиев, масуъули хадамоти матбуотии фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба Озодагон иттилоъ дод, ки дар наворбардорӣ коргардони ҷавон- Баҳриддин Раҷабов  бо иштироки ситораҳои эстрардаи тоҷик шоу барномаи мазкурро рӯи навор оварданд: «Аз рӯи сенария, наворгирӣ дар саҳни фурудгоҳ ва дохили ҳавопаймо сурат гирифт. Аз ин хотир фурудгоҳ ва ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ба ҳунармандон бо қаноатмандӣ шароит фароҳам оварданд.

Мунира Ҳакимова, продюсери барнома иброз доштааст, ки дар барномаи «Парвози баланд» ситораҳои шинохтаи эстрадаи кишвар иштирок намуданд. Барнома моҳи декабр аввал дар Кохи Борбад ва баъдан тариқи телевизиони «Сафина» намоиш дода хоҳад шуд.

Дар наворгирӣ Баҳром Ғафурӣ, Шаҳроми Абубакр, Нигина Амонқулова, Суруш, Меҳринтгори Рустам, Афзалшоҳи Шодӣ, бону Ҳаётой Мӯминова, Сурайё Қосимова ва чан тан аз ҳунармандони дигар ширкат доштанд.