баргард чоп кардан

Буҷети соли 2013 аз буҷети соли равон қариб 2 миллиард сомонӣ зиёд аст

Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи буҷети давлатиро барои соли 2013 баррасӣ намуда, барои қабул ба парлумон ироа кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии президенти кишвар, ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ барои соли 2013 ба андозаи 12,1 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2012 наздики 2 миллиард сомонӣ зиёд аст. Қисми даромади буҷети давлатӣ барои солҳои 2014 ва 2015 бошад, мутаносибан наздики 14 миллиард ва 15,2 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Тавре иттилоъ дода шуд, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар соли 2013 мувофиқи дурнамо ба андозаи 42,1 миллиард сомонӣ, болоравии ҳаҷми истеҳсолот ба андозаи 7,4% ва дараҷаи таваррум 9% пешбинӣ гардидаст. Буҷети давлатӣ барои соли 2013 чун солҳои пешин бештар паҳлӯи иҷтимоӣ дошта, беш аз нисфи маблағҳои он - қариб 6,4 миллиард сомонӣ ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ғайра равона мегардад.