баргард чоп кардан

Таҷлили рӯзи Театри тоҷик дар Театри ҷавонони пойтахт

Имрӯз ба муносибати Рӯзи театри тоҷик дар Театри ҷавонони пойтахт чорабини баргузор мегардад.

Тавре Раҳматулло Раҳматуллоев, сӯхангуи Вазорати фарҳанги кишвар ба Озодагон иттилоъ дод, дар Тоҷикистон 7-уми ноябр ҳамасола ҳамчун Рӯзи театри тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Дар назараст, ки дар чорабинии мазкур Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон, ҳунармандон ва инчунин кормандони фарҳангу синамои кишвар иштирок кунанд.

 

Манбаъ афзуд, ки театри касбии тоҷик соли 1924 таъсис ёфта аст. Аввалин дастаи театрии миллӣ дар назди маъмурияти «Хонаи деҳқон» соли 1927 бо роҳбарии Ҳаким Карим таъсис ёфт, ки «Кружоки мусиқию драмавӣ» ном доштааст.

7-уми ноябри соли 1929 Театри давлатии драмаи тоҷик ба номи Лоҳутӣ дар шаҳри Душанбе таъсис гардид ва аз ҳамон замон инҷониб ин сана ҳамчун «Рӯзи театри тоҷик» таҷлил мегардад. Чеҳраҳои маъруфи театри тоҷик, ба мисли Муҳаммадҷон Қосимов, Маҳмудҷон Воҳидов, Ато Муҳаммадҷонов, Ҳошим Гадо, Сайрам Исоева ва дигарон кишварро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуданд.