Юнон тасмими кам кардани буҷаро пазируфт
Парлумони Юнон санади калидиро барои сарфаи буҷа ва дигаргуниҳои сохторӣ қабул намуд.
Ҳамин тавр, қадами аввалин барои гирифтани марҳилаи дуюм ба маблағи 31,5 млрд. евро аз бастаи дуюми дастгирии қарзӣ аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо, Бонки марказии Аврупо ва Хазинаи ҷахонии асъор гузошта шуд. Ин қарз бояд кишварро аз варшикастагӣ наҷот диҳад.
Дар вақти овоздиҳӣ барои қабули ин хуҷҷат назди бинои парлумон ҳудуди сад ҳазор нафар тазоҳуротчиён ҷамъ омада, зидди поён рафтани сатҳи зиндагӣ ва сиёсати иҷтимоъию иқтисодии ҳукумат баромад кардаанд. Гуфта мешавад, ки барои пароканда намудани издиҳом бори аввал дар чанд соли охир пулис аз фишори об истифода намуда аст. Аз сабаби бӯҳрон иқтисоди кишвар ба як панҷум поён рафта, сатҳи бекорӣ дар он ба 25 дар сад расидааст.