баргард чоп кардан

Суғд: 240 ҳодисаи худкушӣ дар 10 моҳ

Дар вилояти Суғд ходисаҳои худкушӣ ва сӯиқасд ба он  нисбати хамин давраи соли гузашта 37 адад зиёдтар  ба кайд гирифта шудааст.

Дар ин бора ба хабарнигори маҳаллии Озодагон дар РВКД ҶТ дар вилояти Суғд иттилоъ доданд. Тибқи иттилои манбаъ, тайи 10 моҳи соли 2012  дар шаҳру навоҳии вилоят 240 (2010-203) ҳолатҳои худкушӣ ва 75 ҳолатҳои сӯиқасд ба ҳаёт  аз тарафи 129 нафар мардҳо ва 16 писарбачагони ноболиғ, 111 нафар занон ва 31 нафар  духтарокони ноболиғ содир карда шудаанд. Аз ин миқдор 166 нафар шахрвандон бо рохи доркашӣ, 42 нафар бо роҳи заҳролудшавӣ, 11 нафар бо рохи худғарқкунӣ, 6 нафар бо роҳи худсӯзӣ ва 3 тан бо дигар роҳҳо худро ба ҳалокат расонидаанд.

Манбаъ афзуд, 55 нафар шаҳрвандон бо сабаби бемории рӯҳӣ, 37 нафар дар натиҷаи муноқишаи оилавӣ, 6 нафар бо сабаби камбизоатӣ ва 68 нафар бо  сабабҳои гуногун ин амали номаталубро содир кардаанд. Муайян намудани сабабҳои худкушии 74 нафар  шаҳрвандони дигар ба мақомоти тафтишоти пешакӣ муяссар нагардидааст.