Ҳоҷиёни пиёдаи тоҷик дар меҳмонии родиюи Садои Хуросон
Ду тан аз ҳоҷиёни пиёдаи тоҷик пас аз зиёрати Хонаи Худо рӯзи якшанбеи 11-уми ноябр вориди Машҳад шуданд ва мавриди истиқболи гарми мудирон ва кормандони бахши бурунмарзии Садо ва Симои маркази Хуросони Разавӣ қарор гирифтанд.
Ҳоҷӣ Абдулазиз Раҷабов ва ҳоҷӣ Абдураҳим Ҳабибов бо ҳузур дар маросими вижаи истиқбол аз ҳоҷиёни пиёдаи тоҷик дар зоирсарои Садо ва Симо дар Машҳад аз родиюи Садои Хуросон ба хотири пӯшиши густурдаи хабарии сафари онон дар тӯли 6 моҳи ҳаракат дар масири Хонаи Худо ва иттилорасонии ба мавқеъ қадрдонӣ карданд.
Дар ин маросим, ҳоҷиён хотироти ҷолибе аз сафар ва кайфияти маънавии хеш ривоят карданд ва аз ҳамкориву мусоидати мардум ва масъулони Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ҳамёрӣ ҳимояти ҳамаҷонибаи онҳо дар ин сафари тӯлонӣ ташаккуру қадрдонӣ намуданд.
Ҳоҷиёни тоҷик имони росих ва муҳаббати мардуми мусалмонро муҳимтарин омили анҷоми муваффақиятомези ин сафари тулонӣ арзёбӣ карданд.