баргард чоп кардан

Ҳалокати ду пиёдагард ба асари сониҳаи нақлиётӣ

Дар ин бора аз хадамоти матбуоти ВКД ба Озодагон иттиллоъ доданд.

Рӯзи гузашта ронандаи автомашаинаи тамғаи «Опел-астра», Раҳмиддин Одинаеви 26-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба тарафи шаҳри Ваҳдат дар рӯ ба рӯи деҳаи Қирғизион, пиёдагард Момагул Баротоваи 46-сола, сокини шаҳри Турсунзодаро пахш мекунад. Дар натиҷа, пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар маҳалли  ҳодиса ба ҳалокат мерасад.

Манбаъ илова намуд, ки худи ҳамон рӯз, автомашинаи тамғаи «БМВ-318», таҳти Қурбоналӣ Хидирови 21-сола, сокини ноҳияи Шаҳринав, аснои ҳаракат аз тарафи кӯчаи Шестопалов ба самти кӯчаи Саъдии Шерозии пойтахт, дар рӯ ба рӯи хонаи рақами 49-и кӯчаи Ҷаббор Расулов пиёдагард Аскаралӣ Бозорови 45-сола, сокини кӯчаи Навбаҳорро зада аз пой меафтонад ва баъд аз он ба қафои автомашинаи тамғаи «Хундай Старекс», ки ба ронанда Бозоров тааллуқ доштааст, бармехӯрад. Дар натиҷа пиёдагард, Аскаралӣ Бозоров ҷароҳати  вазнини ҷисмонӣ гирифта, дар беморхона вафот мекунад.