Хуҷанд: Омодагӣ ба таҷлили 20-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон
Дар Қасри фарҳангии "Арбоб" корҳои охирини ободонӣ ва таҷдиду тармим идома доранд.
Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии Озодагон, Қоҳир Расулзода, райиси вилояти Суғд ҳамроҳ бо мактаббачагони ноҳияи Бобоҷон Fафуров нахустин ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабзро шинонда, ба сарсабзии гирду атрофи қаср асос гузошт. Бояд гуфт, ки дар майдонҳо, қади роҳҳо, атрофи гулгаштҳо 1500 бех чунин ниҳолакҳои дарахтони сӯзанбарг шинонда мешаванд.
Ҳамзамон, мумфаршкунии роҳи асосии Хуҷанд-Арбоб низ оғоз шуда, айни ҳол 26 нафар тавассути таҷҳизоти сохтмонӣ ва 15 нафар бо нақлиёти борбардор ба тахту ҳамворкунии роҳ машғуланд. Масолеҳи сохтмонӣ аз заводи "Битум"-и ноҳияи Спитамен дар мӯҳлаташ дастрас шуда истодааст. Дар маҷмӯъ 50 ҳазор метри мураббаъ роҳи гирду атрофи чойхона мумфарш карда мешавад.