баргард чоп кардан

«Равшан» боз ба мақоми аввал баромад

Бозиҳои даври 25-уми Лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.

Тими «Равшан»-и Кӯлоб дар майдони худ бар дастаи «Истаравшан»-и Истаравшан бо ҳисоби калони 5:0 ғолб омада дар ҷадвали мусобиқот аз зинаи дуюм ба ҷои аввал баромад.

Дастаҳои ССКА «Помир»-и Душанбе бар «Ҳосилот»-и Фархор бидуни бозӣ бо ҳисоби техникии 3:0 ғолиб дониста шуд.

«Хайр»-и Ваҳдат дар варзишгоҳи худ бо дастаи «Истиқлол»-и Душанбе вориди сабқат шуда бозиро мусовӣ 1:1 анҷом доданд.

Ёдовар мешавем, се бозиии даври 25-уми мусобиқаи Лигаи олӣ 12-уми ноябр баргузор гардида буд.

Дастаи «Гвардия» бар тими «Хуҷанд» бо ҳисоби техникии 3:0 ғолиб дониста шуд.

Тими «Энергетик» дастаи «Зарафшон»-ро бо ҳисоби бузурги 8:0 шикаст дод.

Дастаи «Парвоз» аз тими «Регар-ТадАЗ» бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуд.

Даври 26-уми мусобиқаи Лигаи олӣ рӯзҳои 17-18-уми ноябр баргузор мегардад. Дастаҳои «Хуҷанд» - «Энергетик» рӯзи 17-ум ба сабқат мебароянд.

18-уми ноябр бошад дастаҳои «Вахш» - «Парвоз», «Регар-ТадАЗ» - «Гвардия», «Зарафшон» - «Равшан», «Ҳосилот» - «Истиқлол» ва «Истаравшан» - «Хайр» рақобат хоҳанд кард.