баргард чоп кардан

Қурби доллар боз боло рафт

Масъулини Бонки миллии Тоҷикистон мегӯянд, давоми ҳафтаи равон қурби доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе афзоиш ёфта, айни ҳол 4,8600-4,8780 сомонӣ хариду фурӯш карда мешавад.

Абдуғаффор Қурбонов, сухангӯи бонки мазкур ба Озодагон  иттиллоъ дод, ки чунин болоравӣ асосан бар асари таъсири омилҳои мавсимии тағйирёбии талабот ва пешниҳоди асъори нақди хориҷӣ сурат гирифтааст, ки тағйироти назарраси қурби доллар нисбати дигар асъорҳо дар ҳафтаҳои охир дар бозорҳои дохилию хориҷӣ ба миён омад: « Дар ин миён аз рӯи амалиёту мубодилаи пулӣ арзиши рубли русӣ ва евро каме паст фаромада 1 рубли русӣ ба 0,1514-0,1526 сомонӣ ва 1 евро ба  6,1480-6,1730 сомонӣ баробар шудаанд».