Мулоқоти Гул Шералӣ бо Олга Гаврук
Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноат бо Олга Гаврук, сафири ҷумҳурии Белорус дар Тоҷикистон мулоқот намуд.
Аз вазорати мазкур ба Озодагон иттиллоъ доданд, ки зимни ин вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва тавсеаи муносибатҳои мутақобилан судманд дар соҳаи саноат мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Гуфта мешавад тарафҳо ба мувофиқа омаданд, ки ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самтҳои мухталифи саноат минбаъд низ густариш хоҳанд дод.
Гул Шералӣ ва хонум Олга Гаврук аз натиҷаҳои ин нишаст изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамчунин иброз доштаанд, ки имконияти васеъ намудани ҳамкориҳои дуҷониба ниҳоят зиёд мебошад.