баргард чоп кардан

Ба Вазири фарҳанги Тоҷикистон суол доред?

Тибқи муқаррароти маъмулӣ,  сари ҳар чанд вақт хабаргузории Озодагон бо масъулини баландпояи ҳукумат ва ашхоси гуногункасбу намояндагони аҳзоби сиёсӣ сӯҳбати виртуалӣ баргузор менамояд.

Ин дафъа, меҳмони мо Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон аст.

Аз ин рӯ, аз Шумо муштариён ва истифодабарандагони сомонаи Озодагон хоҳиш дорем, ки дар ин баҳс фаъолона ширкат варзоед.  Агар дар мавриди фарҳангу мушкилоти фарҳангии ҷомеъа, вазъи театру китобхонаҳо ва дигар проблемаҳои фарҳангии кишвар, мушкилоти марбут ба он, муносибати кормандони ин мақомот саволу дархост дошта бошед, онро бевосита ба раҳбари ин ниҳод ирсол намоед. Мирзошоҳрух Асрорӣ омодааст, ки дар ҳамин ҷо, дар бахши «Рӯ ба рӯ» ба дилхоҳ пурсиши Шумо посух бигӯяд.

Тафсилоти бештарро аз ин нишонӣ дастрас карда метавонед:   https://www.ozodagon.com/rbr/97-2011