баргард чоп кардан

22,5 миллион доллари Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба сохторҳои кишоварзии Тоҷикистон

Қосим Қосимов, вазири кишоварзӣ бо Эдуард Ауэр, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон мулоқот кард.

Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз дафтари матбуотии ин вазорат иттилоъ доднад, дар нишаст масоили  ҳамкориҳо бо Иттиҳоди  Аврупо  ва намояндагии Комиссияи Аврупо дар Тоҷикистон, татбиқи як қатор  лоиҳаҳо, ки ба рушди бахши кишоварзии ҷумҳурӣ иртибот доранд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Гуфта мешавад, бо дастгирии молиявии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, соли 2007 лоиҳаи «Низоми маблағгузории молиявии ҷумҳурии Тоҷикистон» (ТАФФ)  ба маблағи 22,5 млн. доллари амрикоӣ амалӣ гардида, барои рушди соҳаи пахтакорӣ дар ноҳияи Ёвон лоиҳаи  «Беҳтарин  ташаббусҳои хоҷагиҳои пахтакор» дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба  амалӣ гардид.

Сафири ИА Эдуард Ауэр, ҳамкориҳои дуҷонибаро бо вазорати кишоварзии Тоҷикистон мусбӣ арзёбӣ карда гуфт, дар оянда  тибқи лоиҳаҳо , аз ҷумла «Барномаи расонидани кӯмакҳои молиявӣ ба соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (ТАFF-II) бо татбиқи  лоиҳаи дуюм тавассути  Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ маблағгузории Байналмиллалӣ (МФК)-«Лоиҳаи  рушди маблағгузории соҳаи кишоварзӣ ва беҳтар намудани соҳибкории миёна дар Тоҷикистон» (TAFBEP), баҳри  рушди соҳаи кишоварзӣ маблағгузорӣ карда мешавад.Айни замон дар ҷумҳурӣ  лоиҳаи ТАFF-II бо мақсади дастгирии соҳаи кишоварзӣ, соҳибкории хурду  миёна ва таъмини ҷойи кор бо додани қарзҳои хурду миёна  тавассути «Агроинвестбонк», «Бонки Эсхата», «Амонатбонк», ташкилотҳои қарзии хурди «Ҳумо», «Арванд»  ва амсоли инҳо фаъолият дорад.

 

{jathumbnail off}