Таҳсилоти инклюзивӣ ва рушди он дар Душанбе баррасӣ мешавад
21 ноябри соли 2012 бо дастгирии барномаҳои таҳсилотӣ ва тандурустии Шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» -Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, бо ҳамшарикии Академияи таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари ЮНИСЕФ дар ҷумҳурӣ дар Китобхонаи Миллӣ конфронси байналмилалӣ оид ба рушди таҳсилоти инклюзивӣ баргузор мегардад.
Тавре ба хабаргузории Озодагон дар намояндагии институти номбурда дар Душанбе иттилоъ доданд, ҳадаф аз баргузории ин конфронс омӯзиши масоили таҳсилоти инклюзивӣ, табодули таҷриба ва ҳамкорӣ, имконияти баррасии принсипҳои сиёсати таҳсилотӣ оид ба пешниҳоди имкониятҳои баробари таҳсилоти босифат ва рушди иқтидор барои ҳамаи кӯдакон дар сатҳи байналхалқӣ мебошад. Баррасии проблемаҳо ва имкониятҳои ниҳоӣ барои рушди таҳсилоти инклюзивӣ дар Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ, таъмини дастрасӣ ба таҳсилот, хизматрасонии иҷтимоӣ, дастгирии психологӣ ва тиббиву педагогӣ, барҳам задани монеаҳо ва таъсиси шароит барои ниёзи кӯдакони талаботи таҳсилотӣ дошта тавассути такмили базаи қонунгузорӣ, шабакаи омода кардани мутахассисону омӯзгорон, таҳияи равишҳои нави илмӣ ва базаи таълимиву методӣ, афзун кардани иттилоърасонӣ ба аҳолӣ дар назар аст.
Гуфта мешавад, ҷиҳати ширкат ба конфронс 80 нафар аз ҷумлаи намояндагони дастгоҳи иҷроияи президент, вазоратҳо, мақомоти худидораи маҳаллӣ, созмонҳои ҷамъиятиву байналхалқӣ, машваратҳои психологӣ ва тиббиву педагогӣ, мактабҳои олӣ ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ даъват шудаанд. Ҳамчунин, дар конфронс мутахассисони Муассисаи федеролии илмии «Институти вижаи омӯзиш»-и АУ Русия, Маркази психологияи амалии таҳсилоти вилояти Москва, Мактаби инклюзивии Эрон, Маркази миллии илмиву амалии омӯзиши вижаи Ҷумҳурии Қазоқистон, Вазорати таҳсилот ва илми Ҷумҳурии Қирғизистон маърӯза хоҳанд кард.