баргард чоп кардан

Кикбоксинг дар Душанбе. Гӯштини тарзи озод дар Кӯлоб

Дар Маҷмааи варзишии Хадамоти алоқаи назди хукумати Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба кикбоксинг ва ориёнтал миёни варзишгарони аз 18 сола боло доир мегардад.

Тавре ба Озодагон аз Кумитаи ҷавонон варзиш ва саёҳӣ хабар доданд, дар мусобиқа варзишагарон аз вилоёти Суғд, Хатлон, ВМКБ, шаҳри Душанбе, навоҳии тобеи марказ ва минтақаи Рашт қувваозмоӣ менамоянд. Ин мусобиқа рӯзи 23-юми ноябр оғоз гардида, то 25-уми ноябри дома хоҳад кард.

ъИнчунин, дар таърихи 24-25-уми ноябр дар шаҳри Кӯлоб мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини тарзи озод миёни наврасони солҳои таваллуди 1995-1997 сурат мегирад. Дар ин чорабинӣ ширкати ҳайати дастаҳои Суғд (3 даста), Хатлон (3 даста), ВМКБ, шаҳри Душанбе (3 даста), Ваҳдат, Турсунзода ва Норак дар назар аст.