баргард чоп кардан

Маоши камтарини кишоварз дар Тоҷикистон

Тибқи иттилои расмӣ дар моҳи сентябри соли ҷорӣ маоши пасттаринро дар Тоҷикистон кормандони соҳаи кишоварзӣ, ҷангалпарварӣ ва шикорчиён мегиранд, ки ба ҳисоби миёна 228 сомониро ташкил медиҳад.

Аз Агентии омори назди президенти Тоҷикистон ба Озодагон хабар доданд, ки маоши баландтарин дар бахши воқеии иқтисодиёт дар соҳаи кӯҳкорию саноат ба қайд гирифта шудаст, ки бештар аз 1670 сомониро ташкил медиҳад: « Кормандони соҳаи барқ, газ ва таъминоти об дар моҳи сентябри соли равон ба ҳисоби миёна 1017 сомонӣ маош гирифтаанд».

Манбаъ афзӯд, дар маҷмӯъ ҳаҷми маоши миёна дар бахши воқеии иқтисод моҳи сентябри  соли равон баробар ба 696 сомонӣ шудааст, ки дар муқоиса бо соли гузашта 21 фоиз зиёд мебошад.

Гуфта мешавад, маоши баландтаринро дар Тоҷикистон кормандони  соҳаи хизматрасониҳои молиявӣ -2005 сомонӣ ва нақлиёту хоҷагии анбор ва алоқа  ба ҳисоби миёна  1 ҳазор 380 сомонӣ мегиранд.

Дар меҳмонхонаю тарабхонаҳо коргарон ба ҳисоби миёна 961 сомонӣ маош мегиранд. Маоши кормандони соҳаи моҳипарварӣ 356 сомонӣ будааст.
Ёдовар мешавем, маоши ҳадди ақал дар кишвар аз моҳи сентябри ҳамин сол ба 200 сомонӣ расид.