Ҳайати парлумонии Тоҷикистон озими Русия мешавад
Шоми имрӯз, 21-уми ноябр ҳайати расмии парламентии Тоҷикистон, ки ба он аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон шомил ҳастанд, ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия сафар мекунанд.
Тавре ба Озодагон аз хадамоти матбуотии МН иттилоъ доданд, ҳайати мазкурро Шукурҷон Зуҳуров, роҳбари палатаи поёнии мамлакат сарварӣ менамояд. Манбаъ мегӯяд, онҳо дар кори ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, иҷлосияи умумии 38-уми ин созмон, ҷаласаи Бюрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, конфронси байналмиллалӣ дар мавзӯи «Ҷаҳони Чингиз Айтматов: якпорчагӣ ва гуфтугӯи тамаддунҳо» ва кушодашавии намоишгох бахшида ба осори Чингиз Айтматов ва ҳамоиши илмии Авруосиёӣ дар мавзӯи «Якпорчагии иқтисодии Авруосиё: ташаккул ва рушд» иштирок менамоянд.
Ҳамчунин дар назар аст, ки раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров зимни ин сафар бо раисони парлумонҳои як қатор кишварҳо дидору мулоқотҳо анҷом медиҳад.