баргард чоп кардан

Мурофиаи додгоҳии бародари президент ба таъхир афтод

Мурофиаи додгоҳи алайҳи бародари собиқ президенти Қирғизистон ба муддати 7 рӯзи дигар мутаваққиф гардид.

Тибқи иттилои расонаҳои Бишкек суди  Аҳмад Боқиев, яке аз бародарони Қурмонбек Боқиев, раисиҷумҳури барканоршудаи Қирғизистон пас аз як ҳафта шурӯъ мешавад. Сухангӯи додгоҳи олии Қирғизистон Бахтибек Рисалиев гуфтааст, далели таъхир ҳузур надоштани яке аз шоҳидон дар мурофиаи судӣ аст.

Маврид ба ёдоварист, муҳокимаи парвандаи Аҳмад Боқиев ҳанӯз дар поёни соли 2010 оғоз гардида, шаш моҳ боз идома дорад. Мавсуф ба ташкили ошӯбҳо ва ҳамлаҳо алайҳи мақомоти интизомӣ, узвият дар гурӯҳи мусаллаҳ дар ҷараёни даргириҳои қавмии як соли пеш дар ҷануби Қирғизистон ва як идда ҷиноёти молӣ айбдор мешавад. Дар ҷараёни даргириҳои қавмӣ дар баҳори соли 2010  Ӯшу   беш аз 400 нафар, аксар ӯзбакҳо кушта шуданд.

 

 

 

 

{jathumbnail off}