баргард чоп кардан

Ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ дар Душанбе

Субҳи имрӯз, 23-уми ноябр дар назди бинои «Сирк»-и пойтахт ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод оғоз гардид.

Дар ин ярмарка корҳои мухталиф, ки ниёз ба мутахассисони касбӣ доранд,  аз қабили челонгар, муҳандис, табиб, омӯзгор, кафшергар, дӯзанда, бофанда ба маъраз гузошта шудааст.

Дар ин намоишгоҳ гайр аз ҷойҳои кори холӣ, ҳамчунин ҳар гуна ҷавоҳирт, аз ҷумла дастмонаву гушвор низ ба фурӯш барварда шудааст.

Ин ярмарка аз ҷониби Агентии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати назди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, айни ҳол идома дорад.