баргард чоп кардан

Дар шимоли кишвар 878 нафар гирифтори БМНМ ба қайд расид

Тавре ба хабарнигори Озодагон дар раёсати  тандурустии вилояти Суғд иттилоъ доданд, дар 10 моҳи соли  ҷорӣ дар ҳудуди  шаҳру навоҳии вилоят 126 нафар  беморони пайдошудаи норасоии масуният (БМНМ) ба қайд гирифта шудаанд.

Бино ба қавли манбаъ, аз ин теъдод 83 нафар мардон ва 43 нафар занон мебошанд, ҳамчунин  8 тани дигарро байни  инҳо кӯдакони ноболиғи то синни  14-сола ташкил медиҳанд: «Соли гузашта дар ҳамин вақт, 198  беморони нав сабтиномшудаи норасоии масуният (БМНМ) ба қайд гирифта шуда буданд, ки нисбати соли ҷорӣ 72 нафар зиёдтар мебошанд.

Ҳамагӣ бошад , аз аввали пайдоиши ин беморӣ то имрӯз (аз соли 2001) дар вилоят 878 нафар  беморони гирифтори БМНМ ба қайд гирифта шудаанд.