Садамаи нақлиётӣ мунҷар ба марги Абдуҳакимов шуд
Се садамаи нақлиётие, ки дирӯз дар кишвар ба вуқӯъ омад, дар натиҷа 1 нафар ба ҳалокат расид ва 2 нафари дигар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштанд.
Маҳмадшариф Шамсов аз Бозрасии давлатии автомобилии ҷумҳурӣ ба Озодагон иттилоъ дод, ки дар ноҳияи балҷувони вилояти Хатлаон воситаи нақлиёти тамғаи «УВАЗ 452а» таҳди идораи ронанда Баҳром Абдуҳакимов ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди деҳаи Оғбулок аз ӯҳдаи воситаи нақлиёт набаромада ба чуқурии 15 метр чапа мешавад, ки дар натиҷа ронанда ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар макони ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Садамаи дигари нақлётӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт, соати 12-00 ба амал омадааст, ки дар натиҷа ду нафар ҷарҳат бардоштаанд: « Сироҷиддин Холбоеви 20 сола аз ӯҳдаи воситаи нақлиёт набаромада ба самти муқобили роҳ баромада ба автомашинаи «Дэу Сиело» ронандааш Аҳмад Шарипови 25 сола бар мехурад, ки дар натиҷа ҳарду ронандагон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ мегарданд».