баргард чоп кардан

Рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон бо «FIADER»

Вохӯрии Консули генералии  Тоҷикистон дар шаҳри Истамбули Туркия бо роҳбари Ассотсиатсияи саноатчиёни Флорияи Истамбул «FIADER» Таҷеттин Негиш баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо оид ба масоили ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва кушодани корхонаҳои муштарак мубодилаи афкор намуданд.

Ҷиҳати муаррифии бештари фазои сармоягузорӣ ва лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон ҷонибҳо дар моҳи оянда гузаронидани мизи мудавварро бо доираи васеи соҳибкорони узви Ассотсиатсияи «FIADER» ба нақша гирифтанд.

Бояд қайд намуд, ки Ассотсиатсияи соҳибкорони Флория «FIADER» соли 2004 таъсис ёфта, тақрибан 500 ширкатҳои саноативу тиҷоратӣ шомили он мебошанд.