баргард чоп кардан

Боздошти ду бонуи тоҷик дар фурудгоҳ. Бо ҷурми қочоқи нашъа

Кормандони раёсати минтақавии гумруки майдони ҳавоии шаҳри Душанбе дар фурудгоҳи шаҳр 2 бонуро бо ҷурми ғайриқонунӣ интиқол додани маводи мухаддир боздошт намуданд.

Аз Хадамоти гумруки Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ доданд, ки дар вақти  барасмиятдарорӣ ва назорати гумрукии мусофирони хатсайри №2816 самти Душанбе-Нижний Новгород бо гумони қочоқи маводи мухаддир бо усули дохили меъдагӣ Фирӯза Дамоноваи 23-сола ва Саида Устоҷоноваи 21-соларо дастгир намуданд.

Корандони гумрук бо истифода аз муоинаи тиббӣ аз дохили медаъи Фирӯза Дамонова 60 адад ва Саида Устоҷонова 91 адад ғалтакҷаҳои салафани бо маводи хокистаранги бӯй махсусӣ ғализдоштаро дарёфт ва мусодира намуданд.  

Мутобиқи хулосаи коршиносон вазни маводҳое, ки аз дохили меъдаи Фирӯза Дамонова гирифтаанд- 461,4 грам ва Саида Устоҷонова- 692,1 грамро ташкил дод.
Феълан нисбати ин ду бону парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тавтишот идома дорад.