баргард чоп кардан

Роҳандозии ташхиси тиббӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ

Дар ҷаласаи 8-уми гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба татбиқи Созишномаи байниҳукуматӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ки дар Душанбе баргузор шуд, роҳандозии ҳамкории Вазоратҳои тандурустии Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд.

Дар ин ҷаласа роҳбари гурӯҳи кории ҷониби Русияро Анатоли Кузнецов, чойнишини сардори Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия ва ва ҷониби Тоҷикистонро Сафиалло Девонев, сардори Хадамоти муҳоҷирати кишвар ба ӯҳда доштанд.

Масъалаи ҷорӣ намудани шакли ягонаи ташхиси тиббӣ оид ба саломатии муҳоҷирони меҳнатӣ ва ба имзо расонидани созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба миёни Вазорати тандурустии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Русия аз мавзӯҳое буданд, ки ҷонибҳо сарои он табодули назар намуданд.

Ширкаткунандагони ин нишаст ба хулосае омададнд, ки то 31-уми январи соли 2013 нақшаи чорабиниҳоро дар самти ҳамкориҳои вазоратҳои тандурустии Тоҷикистону Русия вобаста ба коркард ва қабули қарори ягона оиди амалигардонии ташхиси тиббии муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия ва Тоҷикистон хотима гузоранд.