баргард чоп кардан

Кэтрин Эштон бо масъулини ҲНИТ «сӯҳбати хоса» нахоҳад дошт

Боздиди вакили олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати бехатарӣ, ноиб-президенти Комиссия оид ба Осиёи Марказӣ аз Тоҷикистон оғоз меёбад.

Тибқи барномаи боздид, интизор меравад, ки хонум Кэтрин Эштон бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар масоили марбут ба амнияти минтақа, ҳамкориҳои иқтисодӣ, аз ҷумла афзоиши кӯмакҳои Аврупо ба Тоҷикистонро баррасӣ кунад.Гуфта мешавад, Тоҷикистон мехоҳад, сармояҳои кишварҳои аврупоиро ҳар чӣ бештар дар бахшҳои иқтисоди худ ҷалб кунад. Тарҳҳои энержӣ ва корхонаҳои саноати кӯҳӣ аз ҷумлаи онҳо ба шумор мераванд.

Бону Эштон ҳамчунин ба нақша гирифтааст, ки бо раҳбарони аҳзоби сисёсӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрванлдӣ мулоқот анҷом диҳад.

PS: Қаблан иттилоъ дода мешуд, ки Кэтрин Эштон бо масъулини ҲНИТ мулоқоти хоса анҷом медиҳад, аммо «бо сабаби тангии фурсат» вохӯрии хонуми дипломат бо ин ташкилоти сиёсӣ баргузор нахоҳад шуд.

-Кэтрин Эштон бо раҳбарияти ҲНИТ дар доираи мулоқоташ бо аҳзоб ва намояндагони институтҳои шаҳрвандӣ дидор хоҳад дошт,-иттилоъ доданд дар дастгоҳи марказии ҲНИТ.