баргард чоп кардан

Садамаи нақлиётӣ мунҷар ба марги як нафар шуд

Аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлётӣ набаромадани ронанда боиси ба миён омадани садамаи нақлётӣ гардид.

Аз ВКД ба Озодагон иттилоъ доданд, ки Фахриддини Тоҳирӣ, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Сарбанд ба самти ноҳияи Данғара дар ҳудуди ҷамоати Бустонқалъа аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Деу-Нексия», ки таҳти идораи ронанда Ашур Зарипов, соли таваллудаш 1957, қарор дошт, бархӯрдааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи ин садамаи нақлётӣ ронандаи автомашинаи тамғаи «Деу-Нексия» Ашур Зарипов ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Мусофирони дигари автомашинаи «Деу-Нексия»- Ҷумахони Ҷаббор, Ҷамолиддин Мирзошарипов ва ронандаи автомашинаи  «Опел-Астра» ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи шаҳри Кӯлоб бистарӣ шудаанд.