баргард чоп кардан

Афзоиши нархи нон дар Хоруғ

Масъулини ташкилоти «Агро-информ»и Тоҷикистон мегӯянд, арзиши маҳcулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла нон дар бозори марказии шаҳри Хоруғ нисбат ба бозорҳои Душанбе 1 баробар  қимат шудааст.

Тавре ба Озодагон аз ташкилоти мазкур хабар доданд, нархи як нон  (ҳаҷми миёна-150 грам) дар бозори марказии шаҳри Хоруғ 3 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст, вале ин нишондод дар бозори «Шоҳмансур»-и шаҳри Душанбе 1 сомонию 50 дирамро ташкил медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, аз ҳама нархи гарони нон пас аз бозори марказии шаҳри Хоруғ дар бозори  марказии шаҳри Кӯлоб мушоҳида шуд: « Дар он ҷо як нон ба нархи 2 сомонию 50 дирам ба фурӯш гузошта шудааст. Дар бозори марказии шаҳри  Исфара 1 сомонию 75 дирам ва дар бозори марказии шаҳри  Истаравшан 1 сомонию 60 дирам арзиш дорад».

Гуфта мешавад, аз ҳама нархи арзони нон дар бозори марказии шаҳри Қӯрғонтеппа мушоҳида гардид, ки як нон 1 сомониро ташкил медиҳад.