баргард чоп кардан

Паёмаки Хадамоти алоқа дастрасӣ ба сомонаи радиои Озодиро маҳдуд кард

Барои муваққатан маҳдуд намудани сомонаи радиои Озодӣ аз Хадамоти алоқаи Тоҷикистон паёмак (СМС) ба провайдерҳои Тоҷикистон омадааст.

Ин нуктаро Асомиддин Атоев, раиси Ассосиятсияи провейдерҳои Тоҷикистон дар сӯҳбат ба хабаргузории Озодагон иброз дошт.

Дар ҷавоб ба саволе, ки оё мактуби расмии Хадамоти алоқа ҷиҳати маҳдудсозии сомонаи радиои Озодӣ ба провейдерҳо омадааст ё на, номбурда илова намуд, ки таҷрибаҳои пештар нишон медиҳад, ки аввал паёмак мерасад ва  баъдан мактуби расмӣ ҳам меояд: « Ҳоло мактуби расмӣ наомадааст, вале тасдиқ шуд, ки паёмак гирифтаанд».

Асомиддин Атоев илова намуд, ик феълан номгӯи пурраи ширкатҳое, ки чунин амрро гирифтаанд, маълум нест. Аммо Хадамот мувофиқи хоҳиши худ ба баъзе ширкатҳо зудтару ба дигараш дертар чунин паём мефиристад.

Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз 25-уми ноябри соли равон дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоъии Facebook низ ба ҳамин минвол маҳдуд мебошад.