баргард чоп кардан

Намоиши аксҳо таҳти унвони «Тоҷикистон аз нигоҳи меҳмонон»

Аз 14-ум то 16-уми декабри соли равон дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ намоиши аксҳои муаллифӣ бо номи “Тоҷикистон аз нигоҳи меҳмонон” баргузор мегардад.

 

Тавре Камил Арешев, яке аз ташкилкунандагони ин намоиш ба Озодагон хабар дод, дар назар аст, дар ин чорабинӣ аксҳои расмҳои аз сӯи намояндагони ташкилоту муассисаҳои хориҷӣ ва меҳмонону сайёҳон гирифташуда ба намоиш гузошта шавад.

Маврид ба зикр аст, ки оғози намоиш соати 14:00 ва ворид шудан ба он тариқи чипта аст, ки арзиши 1 чипта 10 сомонӣ мебошад. Ин намоишнома бо дастгирии созмони хайриявии “Дасти ёрӣ” дар Душанбе газаронида мешавад.