баргард чоп кардан

Қоҳир Расулзода арзи сокинони Истиқлолро шунид

Раиси вилояти Суғд дар шаҳри Истиқлол (Табошари собиқ) бо сокинони ин шаҳри саноатӣ мулоқот орост.

Нахуст Қоҳир Расулзода дар ифтитоҳи муҷассамаи нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даромадгоҳи шаҳр иштирок  намуд. Баъдан, номбурда бо  фаъолияти сехи дӯзандагии КВД « Завод Заря Восток» аз наздик ошно шуд.

Тавре хабарнигори маҳаллии Озодагон аз минтақа иттилоъ дод, сипас дар  кохи фарҳанги шаҳр қабули шаҳрвандон  аз тарафи  раиси вилоят Қоҳир Расулзода доир гардид, ки дар он муовинони раиси вилоят, роҳбарони шӯъбаю сохторҳои вилоятӣ, раёсатҳо ва идораҳои давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони воситаҳои ахбори омма ҳузур доштанд.

Дар ин чорабинӣ 29 нафар сокинони шаҳр доир ба масъалаҳои мухталифи ҳаёти иқтисодӣ – иҷтимоии шаҳр, рӯзгорашон саволу дархостҳо намуда, таклифу пешниҳодҳо баён доштанд.