Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ва ин ширкати Ҳиндустон дар соҳаи энергетика ба имзо расид.
Тавре аз вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ доданд, зимни мулоқоти Гул Шералӣ бо Шрихари Ходай, райиси ширкати «Khoday Group of Industries» масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи энергетика, аз ҷумла шурӯъ намудани сохтмони нерӯгоҳҳо дар дарёҳои «Фондарё» бо иқтидори 150 мВт ва «Оби Хингов» бо иқтидори 850 мВт мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо аз натиҷаҳои ин мулоқоташон изҳори қаноатмандӣ намудааанд ва ҳамчунин иброз доштанд, ки густариш додани ҳамкориҳо дар ин самт ба манфиати ҳарду ҷониб хоҳад буд.
Манбаъ мегӯяд, роҳандозии ҳамкориҳо бо ширкати «Khoday Group of Industries» дар доираи сафари ахири Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба Ҳиндустон низ матраҳ гардида буд.