баргард чоп кардан

Тафовути нарх дар бозорҳои кишвар қиёснашаванда мебошад

Нархи маҳcулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла қаймоқ тайи ҳафтаи равон дар бозори марказии шаҳри Исфара дар қиёс ба бозори «Шоҳмансур»-и шаҳри Душанбе қариб як баробар афзудааст.  

Тавре аз ширкати «АгроИнформ» ба Озодагон хабар доданд, ба ҳисоби миёна нархи як кило қаймоқ дар бозори марказии шаҳри Исфара 30 сомонӣ аст, ки ин нишондод дар   бозори «Шоҳмансур» ба 16 сомонӣ баробар мебошад.

Ба қавли манбаъ, аз ҳама нархи гарони қаймоқ дар бозори «Дӯстӣ»-и Қумсангир, ҳамсарҳад бо Афғонистон мушоҳида карда шуд, ки он ҷо як кило қаймоқ ба нархи 40 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст: «Дар бозори марказии шаҳри Қӯрғонтеппа 18 сомонӣ, бозори марказии шаҳри Кӯлоб 23 сомонӣ ва бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд як кило қаймоқ 15 сомонӣ арзиш дорад».

-Қаймоқи аз ҳама арзон дар бозори марказии шаҳри Хоруғ ба фурӯш гузошта шудааст, ки арзиши он 13 сомонӣ мебошад,-афзуд манбаъ.