баргард чоп кардан

Варзишгарони тоҷик ба Калуга мераванд

Аз 9-ум то 17-уми декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Медини вилояти Калугаи Федератсияи Русия чемпионати ҷаҳон оид ба зӯрозмоиҳои универсалӣ байни калонсолон доир мегардад.

Дар ин бора ба Озодагон Муродалӣ Тешаев, масъули бахши иттилоотии кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон  иттилоъ дод. Бино ба қавли ӯ, кишвари моро дар ин чемпионат 3 варзишгар, дар вазни 60 кг Аёмуддини Маҳмадраҷаб, дар вазни 65 кг Искандар Сатторов ва дар вазни 70 кг Илёз Абдулаҳадов таҳти роҳбари мураббии шоистаи ҶТ Собир Каримов муаррифӣ мекунанд.