баргард чоп кардан

Муҳиддин Кабирӣ ба додгоҳ ҳозир шуд

Имрӯз, 6-уми декабри соли 2012 раиси ҲНИТ ба суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт рафта, бо парванда ошно шуд.


Муҳиддин Кабирӣ дар сӯҳбат бо хабаргузории  Озодагон дар ин бора иброз дошт, ки "Имрӯз рафта бо парвандаи худ аз наздик шинос шудам, аз ин ба баъд вакили мудофеъ- Бузургмеҳр Ёров аз ҷониби банда дар рафти таҳқиқи парванда ширкат хоҳад кард".

Эҳтимол меравад, баррасӣ ва муҳокимаи парвандаи марбут ба райиси ҲНИТ, ҳамзамон вакили МН сар аз ҳафтаи оянда шурӯъ гардад.

Маврид ба ёдоварист, изҳороти Муҳиддин Кабирӣ дар яке аз ҷаласаҳои парлумонӣ, зимни муҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера" боиси нигаронии раёсати ҳифзи муҳити зисти пойтахт шуда буд. Баъди ин қазия, шаҳрдории пойтахт ба додгоҳ муроҷиат карда, Кабириро ба суд кашид.