баргард чоп кардан

ҲХДТ бо афсарону аскарон мулоқот дорад

Дар қисми низомии «3501»-и қӯшунҳои дохилаи ВКД мулоқоти афсарону аскарон бо аъзоёни Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан» баргузор гардид.

Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии Озодагон, қумандони қисми низомӣ оид ба корҳои тарбиявӣ, Давлатшо Амиршоев меҳмононро хайрамақдам гуфта, ҷамъомадро кушод.Дар идомаи сӯҳбат раиси КИ ҲХДТ Наим Маликисломов оид ба таъсис ва ташкилёбии ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд маълумоти пурмазмун дод ва тӯҳфаҳои хотиравиро ба қисми низомӣ супорид. Аз ҷониби қисми низомии «3501» афсар оиди кор бо ҳуқуқ ва тарбия, прапоршик Нуров М.М оид ба ин мавзӯъ баромад намуд.