баргард чоп кардан

Тоҷикистону Қазоқистон ба қочоқи нашъа мубориза мебаранд

Масъулини Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти  Тоҷикистон бо ҳайати Кумитаи амнияти миллии  Қазоқистон мулоқот намуданд.

Бобоҷон Шафиев, корманди агентии мазкур ба Озодагон иттилоъ дод, ки дар ҷараёни мулоқот масоили вобаста ба вазъи мухаддиротӣ дар минтақа, равишҳои арзёбии қочоқи маводи мухаддири афғонӣ, ҳамчунин дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар самти муқобилият бо тиҷорати байналмилалии маводи нашъадор мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо бо назардошти афзоиши ҳаҷми истеҳсоли мухаддироти мансуб ба афюн дар Афғонистон, зиёд шудани интиқоли қочоқии он, аз ҷумла аз тариқи кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин бо дарки он ки муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба саломатии аҳолӣ ва сохторҳои иҷтимоӣ-иқтисодии кишварҳои минтақа таҳдиди ҷиддӣ дорад, як силсила қарорҳои мушаххасе қабул карданд.

Гуфта мешавад, татбиқи чунин қарорҳои қабулшуда бидуни шак ба фаъол гардидани ҳамкориҳо миёни хадамоти махсуси ду кишвар дар самти мубориза бо маводи мухаддир мусоидат хоҳад намуд.