Ташкили бизнес- форуми Тоҷикистону Туркия
Фаррух Шарипов, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия бо Рифат Ҳисарҷиклиоглу, раиси Иттиҳоди палатаҳо ва биржаҳои Туркия (ТОВВ) мулоқот намуд.
Давлаталӣ Назриев, сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ба Озодагон иттилоъ дод, ки зимни мулоқот масоили ба роҳ мондани ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ, фазои сармоягузорӣ, инчунин ташкил намудани бизнес-форум ва вохӯриҳои соҳибкорони Тоҷикистону Туркия баррасӣ гардиданд.
Бояд қайд намуд, Иттиҳоди палатаҳо ва биржаҳои Туркия (ТОВВ) соли 1950 таъсис гардида, дар 81 вилоят ва 160 ноҳия дорои 365 аъзо дар намуди палатаҳо ва биржаҳои тиҷоратӣ, саноатӣ ва тиҷорати баҳрӣ, ки дар онҳо 1 миллионну 400 ҳазор ширкат қайд шудаанд, мебошад.