баргард чоп кардан

Таъхир дар парвози тайёраи хатсайри Истанбул-Душанбеи ширкати «Turkish airlines»

Субҳи имрӯз, ин тайёра бояд дар фурудгоҳи Душанбе фуруд меомад, аммо то ҳанӯз он аз Туркия парвоз накардааст.

Тибқи иттилои Абдуносир Рафиев, як сокини пойтахт, ки пайвандонашро дар фурудгоҳ интизор аст, касе аз масъулин ҳозир нашуда, ки қазияи мазкурро шарҳ диҳад: «Аз субҳи барвақт ин ҷоем, аммо иттилое дар бораи таъхири хатсайр ба мо надодаанд. Ҳайронем, ки ба кӣ муроҷиат кунем? »

Дар ҳамин ҳол, чанд тан аз пешвозгирандагон ба хабаргузории  Озодагон гуфтанд, овоза ҳаст, ки тайёра бинобар нуқсони техникӣ натавонистааст, ки парвозро аз Истанбул ба Душанбе анҷом диҳад.

Зимнан, аз дафтари намояндагии ширкати ҳавопаймоии «Turkish airlines» ба Озодагон иттилоъ доданд, ки ҳавопаймо бинобар сабаби техникӣ аз Истамбул парвоз накардааст ва парвози он дар соати 13-у 50 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар назар аст.